LIVE

Конте аз «Интер» 150 млн евро талаб кард

«Интер» наметавонад сармураббии худ Антонио Контеро аз мақомаш барканор намояд, зеро дар қарордоди ҷонибҳо омадааст, ки агар миланиҳо ин корро кунанд, пас ба Антонио Конте бояд 150 миллион евро ҷуброн пардохт намоянд. 
Конте  дар миёни сармураббиёни Сериаи А  аз ҳама маоши баланд мегирад, ки 12 млн евро дар як сол мебошад ва агар қабл аз анҷоми қарордод мутахассиси итолёвӣ аз мақомаш барканор карда шавад, «Интер»-ро зарур аст, ки боз  150 млн евро ба мураббӣ диҳад.  
Феълан «Интер» зинаи 4-уми ҷадвали чемпионати Италияро ишғол мекунад ва аз  «Ювентус» 11 имтиёз камтар дорад. 
Ёдовар мешавем, ки қаблан хабаре паҳн гардида буд, ки  «Интер» мехоҳад бо Массимилиано Аллегри шартнома бандад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив