LIVE

«ПСЖ» роҳи Икардиро ҷониби Италия мебандад

«Пари Сен-Жермен» талош дорад то бо «Интер» дар мавриди  трансфери ҳамлагар Мауро Икарди ба мувоффиқа ояд. Футболбози аргентинӣ феълан дар тими парижӣ ба иҷора дода шудааст. 
«ПСЖ» ба «Интер» 55 млн евро бо имтиёзҳои иловагӣ пешниҳод кардааст. Миланиҳоро чунин маблағ қонеъ намекунад ва 60 млн евро талаб доранд. Қаҳрамони феълии  Лигаи 1 аллакай ба Икарди қарордоди 4 сола бо маоши 10 млн € дар як сол омада сохтааст. 
Мауро тибқи созишнома аз «Интер» то рӯзи 30 июни соли 2022 ба иҷора гирифта шудааст. Сармураббии тими итолёвӣ - Антонио Конте ин футболбозро дар дастаи худ дидан намехоҳад.
Дар мавсими солҳои 2019/2020 Икарди ба задани 20 гол дар 31 бозӣ даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив