LIVE

«Челси» ҳамлагари аргентиниро ба Лондон даъват мекунад

Ба иттиллои рӯзномаи итолиёвии Calciomercato «Челси» ҳавасмандии худро барои ҷалби ҳамлагари аргентинии дастаи «Интер» - Мауро Икарди ошкор мекунад. Ёдовар мешавем, ки феълан Икарди дар дастаи ПСЖ ба иҷора дода шудааст.  
Баъди омадани Антонио Конте ба «Интер» Икарди  маҷбур шуд миланиҳоро тарк намояд, новобаста аз он, ки яке аз беҳтарин бозигарони тим маҳсуб мешуд. 
Намояндаи футболбоз, ки завҷаи ӯ Ванда Нара маҳсуб меёбад, борҳо иброз дошт, ки ҳамлагар барои пешниҳоди нав омода аст. «Челси» дар рӯзҳои наздик бо клуби «Интер» дар самти ҷалби ин футболбоз муроҷиати расмӣ хоҳад кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив