LIVE

Икарди ба ҳеҷ ваҷҳ аз Ювентус намешавад

Хонум ва агенти ҳамлагари аргентинӣ - Мауро Икарди, Ванда Нара омили асосии футболбози “Ювентус” нашудани шавҳари хешро ошкор намуд. Тобистони соли равон туриниҳо мақсади ҷалби Мауро Икардуро доштанд, вале худи ҳамлагар дар ниҳоят тими “ПСЖ”-ро интихоб кард.  Хонум ва агенти Икарди ниҳоятан иқрор шуд, ки шавҳари ӯ ба хотири эҳтироми “Интер”ҳеҷ гоҳ дар бошгоҳи туринӣ бозӣ намекунад.
 
"Мауро ба Ювентус намегузарад. Ӯ дар  ПСЖ, хушбахт аст ва як чанд голи афсонавиро ба самар расонид. Ман танҳо ҷонибдори хушҳолии ӯ мебошам. Икарди узви беҳтарин дастаи ҷаҳон аст. Мо интихобро сари Париж ба он хотир кардем, ки ба Интер хиёнат накунем. Намедонам кӣ ӯро аз “Интер” ронд, аммо дар натиҷа мо роҳи хубро пайдо кардем ва феълан Мауро дар дастаи боз ҳам пуркувваттар қарор гирифт", гуфтааст Ванда.
 Қаблан хабаре нашр шуд, ки “ПСЖ” нақшаи футболбози худ сохтани ҳамлагари аргентиниро бо сарфи 65 млн евро таҳрезӣ мекунад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив