LIVE

Маротта Санчесро намехоҳад

Директори генералии “Интер” Беппе Маротта гузариши ҳамлагари “Манчестер Юнайтед” Алексис Санчесро ба “Интер” манъ кард. 
Қаблан хабарҳо нашр гардида буданд, ки агенти Санчес бо намояндагони “Интер” машварат карда истодааст ва дар рӯзҳои наздик Санчес ба Италия меояд вале дар охирин лаҳзаҳо Беппе Маротта ба ин трансфер иҷозат надод.
Алексис зимистони соли 2018 ба “Манчестер Юнайтед” гузашта то кунун наметавонад, ки бозигари ҳайати асосии дастааш бигардад. Мавсими гузашта Санчес дар 27 бозӣ иштирок намуда ба задани чор гол даст ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив