Бошгоҳи футболи “Интер” дар сомонааш аз гузариши коршиноси итолиёвӣ - Антонио Конте ба даста расман итиллоъ дод. Конте қаблан дар бошгоҳҳои “Ювентус”, “Челси” ва яккачини Италия адои вазифа намудааст. Бо маълумоти сарчашма қарордод байни бошгоҳи шаҳри Милан ва мутахассиси 49 сола то соли 2022 баста шудааст. Антонио Конте дар ин вазифа Лучано Спаллеттиро иваз намуд. Пештар хабарҳо нашр мешуданд, ки Антонио шояд сармураббии “Ювентус” шавад.