LIVE

Бозии тахту тоҷ - саранҷоми номаълум

Дар расонаҳои муътабари дунё дар хусуси ба тавофуқ расидани “Ювентус” ва Пеп Гвардиола хабар нашр карданд. Дар ин бора ҳанӯз моҳи март Луижи Гуэлпа журналисти итолиёвӣ хабар дода буд. Ҳамон нафаре, ки дар хусуси трансфери Критшиану Роналду ба дастаи “Ювентус” нахуст шуда иттилоъ дод. Инак баъд аз 2,5 моҳ ӯ дар бораи ҷузъиёти ин муомилот сухан мекунад. Шартномаи ҳамкорӣ ба муҳлати 4 сол дар ҳамин ҳафта ба имзо расонида мешавад ва тибқи он Гвардиола солона 23 млн евро музди маош хоҳад дошт. Рӯзи 14-уми июн “Ювентус” мураббии навро рӯнамоӣ хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол дастаи шаҳри Турин ҳамчунин бо мураббии дигар Маурисо Почеттино низ гӯё қарордод ба имзо расонидааст. Бо ӯ низ ба муҳлати 4 сол. Магар онҳо дар якҷоягӣ қаҳрамони ҳамешагии Италияро тамрин медиҳанд?! Чанде пеш Аллегри беҷои кор монда буд, шояд “Ювентус” бо ин мураббӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо мерасонад?! Аммо агар ҷиддӣ бигӯем хабару овозаҳо дар мавриди инки “Ювентус” мехоҳад беҳтарин мутахассиси футболро даъват намояд, бо тағйир додани номи мураббӣ нашр мешавад. Чанде пеш исми Юрген Клопп ҳам расонаӣ шуда буд. Ҳатто ҳадс мезаданд, ки гӯё Роналду барои худ мураббӣ мекобад ва Мауринову Анчелоттиро ба роҳбарияти даста тавсия додааст. Ва аммо дар ниҳояти кор “Ювентус” ё Мауритсио Сарри ва ё Симона Инзаги воре мураббиро таин мекунад. Боз ҳам ҳар чӣ метавонад руй диҳад. Ҳамин ҳоло корҳои "Манчестер Сити" турб аст. Ба иллати нақзи қонуни фейр-плейи молӣ эҳтимолӣ маҳрумияти қаҳрамони Англия аз ширкат дар мавсими соли ояндаи Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо мавҷуд аст. Маҳз ба далели ин Гвадиола шояд рӯ ба фирор меорад. Ҳамчунин овозаҳо дар хусуси ба дастаи “Бавария” гузаштани Лерой Сане зиёд нашр мегардад. Дар ду соли охир мо қариб мушоҳида намекардем, ки аз "Манчестер Сити" ягон футболбоз биравад. Фақат меомаданд. Бидуни маҳдудият Пеп Гвардиола бозингарони бузургро даъват мекард. Аз сӯи дигар хеле аломар аст агар "Манчестер Сити"-иро муҷозот кунанду Гвардиола ба тарк кардани ин даста маҷбур шавад, дар ин муддат ӯ ҳайатро ба чени дили худ таҳия кард, То ба кай бидуни пирӯзӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо боқӣ мемонад. Дар охир ҳаминро мехоҳам ёдовар шавам, ки ширкатҳои букмекерӣ эҳтимоли гузариши Гвардиола ба дастаи “Ювентус”-ро 1,45 коэффисент арзёбӣ кардаанд. Ин ҳамту барои маълумот буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив