LIVE

Мусоҳибаи аввалини Антонио Конте дар «Интер»

Чӣ гунае ки ба ҳамагон маълум аст, Антонио Конте сармураббии нави бошгоҳи овозадори итолиёвии “Интер” таъин шуд. Аввалин суханони ӯ дар дастаи наваш чунинанд:
«Ин саҳифаи нав дар ҳаёти ман аст. Айни ҳол маро ҳиссиёти ногуфтание фаро гирифтаанд. Мехоҳам бар туфайли кори худам он интизориҳое ки даста аз ман дорад, бароварда кунам. “Интер” –ро ба хотири аҳдофи бузург ва ниятҳои неки ин даста интихоб намудам. Ҳамчунин дар интихоб ман таърихи бой ва ғании дастаи таъсири бевосита гузошт. Роҳбарияти “Интер” танҳо як хоҳиш дорад. Бозгардондани “Интер” ба мавқеъҳои аслии ин дастаи бузург. Кӯшиш мекунам, ки дастаро ба қуллаҳои баланди футболӣ расонам.”
Конте дар  «Ювентус» аз соли  2011 то  2014 фаъолият намуда, пасон муддати 2 сол дар мунтахаби Италия кор намуд. Баъд аз “скуадра адзурра”  Антони Конте сармурабии дастаи “Челси” таъин гардида, тобистони гузашта аз вазифа барканор шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив