LIVE

Мехоҳам, ки Эл-Класикоро дар Испания шореҳӣ кунам!

Журналисти 11 солаи суриягӣ Язан Таха имсол озими шаҳри Мадрид шуда, бозии финалии “Футбол барои дӯстӣ”-ро шореҳӣ мекунад. Соли гузашта финали чорабинии “Футбол барои дӯстӣ” як рӯз пеш аз оғози Чемпионати ҷаҳон-2018 дар шаҳри Москва баргузор шуда буд. Язан Таха бошад, дар ин маросим ҳамчун журналисти ҷавон ширкат дошт.
Ҳоло Таха яке аз блогерони машҳур ба шумор меравад. Дар мусоҳиба бо "СЭ" ӯ орзуҳояшро чунин баён кард:
- Язан  Шумо чӣ  тавр шореҳ шудед?
- Футбол аз хурдиям ба ман писанд буд. Вақте, ки ман панҷ сол доштам, бо ҳамроҳи падарам бозӣ байни “Барселона” ва “Реал”-ро бо овози баланд шореҳӣ менамудем. Вақте, ки ман тез тез шореҳӣ мекардам, падарам маро ба навор мегирифт. Дар ёдам ҳаст, ки ду видеоро дар шабакаи YouTube гузоштам, ки дар як муддати кӯтоҳ онҳоро зиёда аз миллион нафар тамошо намуд. Баъди ин ман ба хулосае омадам, ки шореҳӣ ҳирфаӣ шавам. Ман аллакай якчанд бозиро бо ҳамроҳи шореҳонӣ ҳирфаӣ дар шабакаҳои Сурия ва Кувайт шореҳӣ намудам.

- Кадом бозӣ аз ҳама бештар барои шумо хотирмон буд?
- Бозии дӯстдоштаи ман ин рақобати тимҳои Сурия ва Ҷопон, буд, ки моҳи январи соли 2012 дар Ҷоми Осиё баргузор шуд. Гарчанде, ки дар ин вохӯрӣ мунтахаби мо бо ҳисоби 1:2 бохт, аммо голи задаи  Фирас ал-Хатиб маро хеле хурсанд намуд. Боз бозии дӯстдоштаи ман ин рақобати “Барселона” ва “Реал” мебошад, ки соли 2015 каталониҳо дар "Сантяго Бернабеу" “гаразмониҳо”-ро торумор сохтанд. Умуман ман мухлиси ашадии “Барселона” ҳастам ва бештари вақт бозиҳои Чемпионати Испанияро шореҳӣ мекунам. Дар онҷо ҳамеша футболи бузург ва фазои муъҷизавӣ аст.

- Соли гузашта ту барои ҷашнгирии барномаи шашуми “Футбол барои дӯстӣ” озими Москва шуда будӣ. Дар онҷо барои худ чӣ омухтӣ?
- Россия кишвари бузург аст ва ҳар як меҳмон худро дар кишвари хеш эҳсос мекунад. Мардуми ин сарзамин Ҷоми ҷаҳонро дар сатҳи олӣ баргузор намуданд. Моро дар Россия хеле хуб пешвоз гирифтанд. Ман хеле хушбахт ҳастам, ки ба Россия омадам ва дар онҷо дӯстони зиёде пайдо намудам. Албатта ман шод ҳастам, ки дар бозии аввалини Ҷоми ҷаҳон байни Россия ва Арбистони Саудӣ, ки дар варзишгоҳи "Лужники" бо иштироки 80 ҳазор нафар баргузор шуд, ширкат намудам! Дар онҷо эҳсосоти боварнакарданӣ буд.

- Дар Россия шумо бо кӣ ошно шудед?
- Ман аз Марокко, Гана, Бразилия, Олмон, Мексика, Испания ва албатта аз Россия рафиқони зиёде дорам. Ростӣ дар ёд надорам, ки як сол пеш бо кӣ ошно шудам ва ҳамон қадарашро медонам, ки дӯстони зиёд пайдо намудам ва тариқи сомонаҳо бо онҳо як як суҳбат мекунам.

- Дар Москва бо кадом футболбозони машҳур шинос шудед?
- Дар онҷо футболбозони ҳирфаӣ хеле бисёр буданд! Барои мисол - Икер Касиляс, Ривалдо, Мичел Салгадо… Бо Марсел Десайи ҳатто ман мулоқот намудам.

- Моҳи май дар Мадрид даври ҳафтуми барномаи “Футбол барои дӯстӣ” баргузор мешавад. Дар он ҷо чӣ кор мекунед?
- Соли гузашта ман бозии финалии ин чорабиниро шореҳӣ намудам. Ман хеле шоҳ ҳастам, ки дар Мадрид шореҳӣ мекунам. Боварӣ дорам, кӣ мо ҳама футболи зеборо мебинем. Рӯзи 1-уми июл ман дар бозии финалии Лигаи Чемпионҳо, ки дар "Ванда Метрополитано" баргузор мешавад, иштирок мекунам.

- Ба фикри шумо дар онҷо кӣ бозӣ мекунад?
- Ман мехосатм, ки “Барселона” ба финал роҳ ёбад! Фикр кардам, ки онҳо кори “Ливерпул”-ро тамом мекунанд. Миёни “Тоттенхэм” ва “Аякс” ман ҳолландиҳоро интихоб намуда будам. Боз ман дар Мадрид Месси ва Роналдуро хоҳам дид.

- “Ювентус” аллакай аз идомаи ЛЧ бенасиб мондааст...
-  Ман медонам, аммо фикр мекунам, ки Роналду ҳатман бо тамошои ин бозӣ ба варзишгоҳ ташриф меорад.

- Танҳо ба шореҳӣ машғулӣ ё гоҳ-гоҳ футболбозӣ низ мекунӣ?
- Албатта! Ман ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба бозии футбол машғул будам ва ҳоло дар академияи “Страйкерс” тамрин мекунам. Бозӣ намудан дар мавқеи плеймейкер ин барои ман хеле писанд аст. Аз партофти головар ба рафиқонам ҳаловат мебарам. Баъзан вақт худам низ гол мезанам.
- Дар дил чӣ орзу доред?
- Ман мехоҳам, ки ба Фаронса сафар намуда, аз табиати зебои ин кишвар ҳаловат барам. Орзии асосии ман бошад, мехоҳам, кӣ дар ягон шабакаи испанӣ шореҳӣ ҳирфаӣ шуда, бозии “Барселона” ва “Реал”-ро аз варзишгоҳ шореҳӣ намоям. Фикр мекунам, ки ин фаромушнашаванда хоҳад буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив