LIVE

Почеттино ва Аллегри довталаби асосии сармураббии «Нюкасл»

Роҳбарияти нави «Нюкасл Юнайтед» исми якчанд довталабро барои ишғоли курсии сармураббӣ ошкор кардаанд. ESPN хабар медиҳад. 
Ба иттилои сарчашма роҳбарияти бошгоҳ мақсади ҷалби мутахассиси шинохтаро дорад. Соҳибмулкон дар ин мақом Массимилиано Аллегри, Маурисио Почеттино, Люсен Фавр ва Рафаэл Бенитесро дидан мехоҳанд. 
Бенитес феълан сармураббии «Далян Ифан» мебошад. Фавр бошад, бо тими «Боруссия» кор мекунад, аммо Почеттино ва Аллегри озоданд. 
«Нюкасл» бо 35 хол баъди даври 29-ум мақоми 13-уми ҷадвали Премйер-лигаи Англияро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив