«Челси» нақша дорад тобистони имсол боз сармураббии хешро иваз кунад. Дар ин бора Tuttomercatoweb хабар медиҳад. Ба иттилои сарчашма лондониҳо мақсад доранд то бо сармураббии феълии дастаи «Атлетико» - Диего Симеоне шартнома банданд.
Сармураббии кунунии «Челси» - Фрэнк Лэмпард маҳсуб мешавад.
Мавсим барои Симеоне дар Испания наонқадар хуб сипарӣ мешавад. Мадридиҳо баъд аз 24 давр мақоми 4-уми Ла-Лигаро ишғол мекунад.
Қаблан низ «Челси» ба Симеоне таваҷҷуҳ дошт, аммо роҳбарияти клуб аз сабабе, ки мутахассиси аргентинӣ забони англисиро намедонист аз ҷалби ӯ даст кашид.
Ҷониби «Атлетико» бошад, нақшаи ба истеъфо равона сохтани Симеонеро таҳрезӣ мекунад.