LIVE

«Челси» ва «Барса» дарвозабонҳои худро иваз мекунанд

«Челси» тобистон мақсади ба даст овардани дарвозабони дастаи «Барселона»  - Марка-Андре тер Штегенро дорад. Дар ин бора Daily Express хабар медиҳад.
Ба иттилои сарчашма сармураббии «Челси» - Фрэнк Лэмпард аз фаъолияти дарвозабон Кепи Аррисабалага розӣ нест ва мехоҳад, ки ӯ бошгоҳи лондониро тарк намояд. Бошгоҳи лондонӣ дарвозабони худро ба нилунориҳо пешниҳод кардааст ва бар ивазаш дарвозабони олмонии "Барса"-ро ба даст овардан мехоҳад. Дар баробари «Челси» ба тер Штеген «Бавария» ва «Ювентус» низ таваҷҷуҳ доранд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив