LIVE

Тухел рекорди Моуринюро шикаста натавонист

Даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо идома дорад. “Атлетико” ва “Челси” бозии аввалини худро доир намуданд.  Бозӣ дар Бухарест баргузор шуд ва бо пирӯзии клуби лондонӣ бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. “Челси” таҳти роҳбарии мутахассиси 47-солаи олмонӣ - Томас Тухел, ки дар идомаи мавсим роҳбарии дастаро ба уҳда гирифт, 8 вохӯрӣ баргузор кард. Лондониҳо дар 8 бозӣ  ҳамагӣ 2 тӯб ба дарвозаашон сар додаанд. Натиҷаи беҳтаринро қаблан мутахассиси португалӣ - Жозе Моуриню ба қайд гирифтааст, ки он замон дар 8 бозӣ 1 гол хӯрда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив