LIVE

Бебарории Моуриню дар плей-офф идома дорад

Дар бозии аввали даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳо клуби «Тоттенхэм Хотспур» дастаи «РБ Лейптсиг»-ро пазируфт. Бозӣ дар варзишгоҳи «Тоттенхэм» воқеъ дар шаҳри Лондон сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 хамт шуд. 
Мутахассиси португалӣ - Жозе Моуриню дар даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо сар аз соли 2014 ғалаба карда наметавонад. Охирин пирӯзии ӯ дар даври ҳазфӣ ҳанӯз замони роҳбариаш дар «Челси» буд, ки он вақт «Пари Сен-Жермен»-ро ( 2:0) мағлуб сохта буд. 
Баъди он Моуриню дар 7 бозии плей-офф боре ҳам муваффақ нашудааст. Бо «Челси» 4 бозӣ,  бо «Манчестер Юнайтед» 2 бозӣ ва ҳамакнун бо «Тоттенхэм» як вохӯрӣ анҷом дода, дар ҳамааш шикаст хӯрдааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив