LIVE

Тухел баъд аз Ҳиддинк беҳтарин мураббии “Челси” эътироф шуд

“Челси” дар бозии 23-юми Премйер Лига “Шеффилд Юнайтед”-ро бо ҳисоби 2-1 мағлуб кард. Таҳти роҳбарии Томас Тухел - лондониҳо дар чаҳор бозии чемпионат танҳо як гол ба дарвозаашон сар додаанд, ки ин беҳтарин оғози кори мураббигӣ дар “Челси” пас аз Гус Хиддинк  маҳсуб мешавад. Моҳи феврали соли 2009 “Челси”  Хиддинк чунин натиҷаро ба қайд гирифта буд. 
Аз замони омадани мутахассиси олмонӣ дар бозии “Челси” беҳбуди эҳсос шуда, даста чи дар хати ҳуҷум ва чи дар назди ҷаримагоҳи хеш иштибоҳи камтар анҷом медиҳад ва дар 4 бозии ПЛА 1 гол сардодааст.  
Дар чор бозӣ таҳти Тучел “Челси” 10 хол ба даст овард ин  нисбат ба 8 бозии охирини худ бо роҳбарии Фрэнк Лампард  3 имтиёз бештар мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив