Дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо дастаи «РБ Лейптсиг» ба дарвозаи «Тоттенхэм Хотспур» се голи беҷавоб зад. Барои мутахассиси 57 солаи португалӣ - Жозе Моуриню ин аввалин бохти бузург сар аз соли 2013 дар Лигаи чемпионҳо маҳсуб мешавад. Он замон дастаи «Реал» зери роҳбарии ӯ аз тими «Боруссия» бо ҳисоби 1:4 мағлуб шуда буд. Давоми 6 бозии охир дастаи Моуриню, ки дар олами футбол худро мураббии махсус меномад, ягон маротиба ғалаба накардааст. Ин нишондод низ барои ӯ нишондоди ғайриқаноатбахш дар корномааш маҳсуб меёбад. Бозӣ бо дастаи «Лейптсиг» барои Жозе Моуриню 935 дидор ба ҳайси мураббии футбол ба ҳисоб мерафт.