LIVE

“Челси” ва Тухел ҳамкориро идома медиҳанд

Сармураббии “Челси” - Томас Тухел дар мавсимҳои оянда ҳамкориро бо тими лондонӣ идома хоҳад дод. Тибқи иттилои дафтари матбуоти клуб, қарордод бо мутахассиси олмонӣ барои ду сол тамдид карда шудааст. Ҷузъиёти созишнома мушаххас нашудааст, аммо қаблан хабар дода шуда буд, ки ба туфайли пирӯзӣ дар Лигаи чемпионҳо шартнома ба таври худкор то соли 2024 тамдид карда шуд, зеро дар он банди дахлдор навишта шудааст. Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии Лигаи чемпионҳо “Челси” “Манчестер Сити”-ро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард. Голи ягонаро дар охири қисми аввал нимҳимоятгар Кай Ҳавертс ба самар расонид. Тухел дар миёнаи мавсим ба “Челси” омад ва ӯ Франк Лампардро дар ин мақом иваз кард.  Таҳти роҳбарии мутахассиси олмонӣ ин даста ба финали Ҷоми Англия баромад ва дар он ҷо аз “Лестер Сити” бо ҳисоби 0-1 шикаст хӯрд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив