LIVE

Норозигии Анчелотти аз роҳбарияти "Реал" барои Каземиро

Сармураббии “Реал Мадрид” Карло Анчелотти аз он норози аст, ки нимҳимоятгар Каземиро ба “Манчестер Юнайтед” мегузарад. Ба иттилои манбаъ, мутахассиси итолиёвӣ футболбози 30-солаи бразилиро як бозигари муҳим дар ҳайати асосӣ медонад. Анчелотти бовар дорад, ки “Реал Мадрид” наметавонад дар муддати кӯтоҳ ивазкунандаи ин бозигарро пайдо кунад. Тибқи иттилои расонаҳо, «Манчестер Юнайтед» ба қаҳрамонони Испания фавран 60 миллион евро ва баъдтар 10 миллион еврои дигарро дар шакли мукофотпулӣ пардохт хоҳад кард. Қайд карда мешавад, ки раванди музокира ба пешрафтҳои назаррас ноил шудааст ва «Манчестер Юнайтед» аллакай ба амалӣ шудани трансфери Каземиро итминон дорад. Дар «Реал Мадрид» ин футболбоз яке сермаоштаринҳо маҳсуб мешавад.  "Манчестер Юнайтед" омода аст ба Каземиро дар сатҳи Давид де Хеа, ки ҳафтае тақрибан 413 000 евро маош мегирад, маблағ пардохт намояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив