LIVE

Ҳамлагари «Реал» ба «Эл класико» роҳ дода намешавад

Форварди  «Реал»  - Родриго дар бозии даври 26-уми  чемпионати Испания бар муқобили «Барселона» ба майдон баромада наметавонад.
Бозигари бразилӣ дар ҳайати ҷавонони дастааш Сегунда В бар муқобили «Сан-Себастян-де-лос-Рейес» (2:0) бозӣ карда, ба задани гол даст ёфт. Аммо голи задаашро тантанавор таҷлил намуд, ки аз ҷониби довар корти зард гирифт. Ин дуюмин корти зарди ӯ маҳсуб мешуд, ки маҷбур шуд майдонро тарк кунад. Ин корти сурх ба ҳамлагари бразилӣ имкон намедиҳад, ки рӯзи 1-уми март бар муқобили «Барселона» бозӣ намояд.
Дар мавсими ҷорӣ  Родриго дар ҳайати  «Реал» 18 бозӣ анҷом дода, ба задани 7 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив