LIVE

«Манчестер Юнайтед» Зиркзееро ба тими хеш ҷалб мекунад

Ҳамлавари «Болоня» Ҷошуа Зиркзее дар равзанаи тобистонаи трансферӣ метавонад бозигари «Манчестер Юнайтед» шавад. Дар ин бора журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаи иҷтимоии Х (пештар Twitter) хабар медиҳад.
Ба иттилоъи сарчашма роҳбарони «девони сурх» аллакай бо пешниҳод бо намояндагони «Болоня» ба иртибот баромадаанд, аммо онҳо аз фурӯхтани бозигарашон даст кашидаанд. «Манчестер Юнайтед» тобистон пешниҳоди такрорӣ ирсол хоҳад кард. Бозигари 22-сола бошад тибқи шартнома дорои нархномаи  40 млн евро мебошад.
Зиркзее дар ҳайати «Болоня» аз соли 2022 баромад дошта, мавсими ҷорӣ ҳамлавар 22 бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо гузаронид ва ҳашт голу чор партофти голӣ ба омор гирифт. Шартномаи Зиркзее бо тими итолиявӣ бошад то охири моҳи июни соли  2026 мӯҳлат дорад. Арзиши тахминии футболбоз тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt 30 млн евро мебошад.
Пештар нисбати Зиркзее аз ҷониби тими англисии  «Арсенал» иштиёқ пайдоӣ шуда буд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив