LIVE

Ҳамлавари «Бавария» дастаашро тарк мекунад

Ҳамлавари «Бавария» Эрик Шупо-Мотинг рафтани хешро аз тими мюнхенӣ дар равзанаи зимистонаи трансферӣ истисно намекунад. Дар ин бора журналист Флориан Плеттенберг дар шабакаҳои иҷтимоии хеш хабар медиҳад. 
Тибқи иттилоъи сарчашма нисбати ҳамлавари мазкур «Манчестер Юнайтед» иштиёқманд аст, вале варианти асосӣ барояш гузариш ба  чемпионати Арабистони Саудӣ ё Қатар мебошад. Қайд карда мешавад, ки дар «Бавария» камеруниро чун футболбоз ва шахсият қадр мекунанд ва то анҷомёбии мӯҳлати шартнома намехоҳанд бо ӯ хайрбод кунанд.
Мавсими ҷорӣ Шупо-Мотинг дар сафи «Бавария» 19 бозӣ гузаронида, муаллифи се гол шудааст. Шартномаи бозигар то охири моҳи июни соли 2024 мӯҳлат дошта, ба қавли  сомонаи Transfermarkt Шупо-Мотинг 3 млн евро арзиш дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив