LIVE

Собиқадори футболи Италия Туркияро интихоб кард

Ҳимоятгари тими миллии Италия - Леонардо Бонуччи ба “Фенербахче” –и Туркия гузариш кард, хабар медиҳад рӯзноманигор Фабритсио Романо.
Ба иттилои манбаъ, 10 –уми январ ҳимоятгари тими миллии Италия бо «Фенербахче» то моҳи июни соли 2024 шартномаи кӯтоҳмуддат ба имзо мерасонад, ки тибқи он 1,3 миллион евро ба даст меорад. “Унион” барои бекор кардани шартнома аз дастаи шаҳри Истамбул товон хоҳад гирифт.
Бонуччии 36-сола аз сентябри соли 2023 дар тими “Унион” бозӣ мекунад. Шартномаи футболбоз бо даста то 30 июни соли 2024 амал мекард. Дар мавсими ҷорӣ ӯ дар ҳайати тими шаҳри Берлин дар ҳама мусобиқаҳо 11 бозӣ анҷом дода, 1 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив