LIVE

Як бошгоҳи лондонӣ Балотеллиро ба Англия даъват карданист

Дастаи «Фулҳэм»-и Лондон ба ҳамлагари 31-солаи дастаи «Адана Демирспор»-и турк Марио Балотелли таваҷҷӯҳ дорад. Ин пешниҳод ба ҳамлагари соҳибном имкон медиҳад, ки  Балотелли дигарбора ба Премйер-Лигаи Англия баргардад.  "Фулхэм" мехоҳад, ки Балотеллиро дар тобистон ба Премйер-Лига баргардонад, то ҳамлаи худро тақвият диҳад. Ҳамлагари 31-солаи итолиёвӣ дар Туркия хуб бозӣ дорад ва  моҳи гузашта сармураббии тими миллии Италия - Роберто Манчини ҳатто ӯро ба ҷамъомади тамринӣ даъват кард.  «Фулҳэм» дар айни замон дар зинаи дуюми чемпионшип қарор дорад ва дар мавсими оянда ба Премйер Лига мебарояд.  Балотелли дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Адана Демирспор” дар тамоми мусобиқаҳо 24 бозӣ анҷом дода, ба задани 11 гол ва 5 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи турк то 30 июни соли 2024 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив