LIVE

«Брешиа» дари худро барои Балотелли баст

Ҳамлагари 29 солаи итолиёвӣ - Марио Балотелли қарордоди худро бо тими футболи «Брешиа» лағв кард. Дар ин бора сомонаи Goal навиштааст.
Президенти клуби «Брешиа» - Массимо Челлино ба хулосае омад, ки қарордодро бо  форварди мазкур бекор кунад, зеро Марио Балотелли пайваста дар тамринҳои клуб ширкат намекард.  Балотелли тобистони соли гузашта ба «Брешиа» омад. Он замон ӯ футболбози озод буд. Бо клуби итолиёвӣ  то соли 2022 бо арзиши  1 млн € қарордод ба имзо расонида буд. Форвард дар 19 дидори Серияи А ба задани 5 гол даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив