LIVE

Ҳангома: Балотелли гуфт, ки Роналду беҳтар аз Месси аст

Марио Балотелли ҳуҷумкунандаи дастаи “Брешиа” аз Серия А-и Италия ба оташи баҳси чандсола дар мавриди Роналдову Месси равған пошид. Ин дар ҳолест, ки ду ҳафта пеш Леонел Месси барои шашуминбор ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард ва аз ҳамтои худ Криштиану Роналду дар тӯби тиллоидорӣ як зина пеш гузашт. Балотелли  дар ин маврид гуфтааст, ки “Беҳтараш ман ду тӯби тиллоиро ба монанди Криштиану Роналду дар ҳайати ду даста ба даст меовардам, дар қиёс ба шаш тӯби тиллоӣ   бо як даста. Чи маъно дорад паси сар намудани кулли маснади варзишӣ дар як бошгоҳ ва бигӯӣ, ки ту беҳтаринӣ? Ин шармандагист”-овардааст сафҳаи твитерии  360Sources аз суханони Марио Балотелли

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив