LIVE

Ҷеррард боз як ҳамдастаи собиқашро ба “Астон Вилла” даъват кард

Ҳамлагари дастаи "Атлетико" - Луис Суарес ба назди ҳамдастаи собиқи худ Ҷеррард меравад. 
Тавре зикр гардид, ӯ аз клубҳои Амрикои Ҷанубӣ ва Арабистони Саудӣ пешниҳод дорад. Бо вуҷуди ин, ҳамлагари 34-сола мехоҳад бозӣ ро дар Аврупоро идома диҳад, аз ин рӯ, имкони бозгашти ӯ ба Англия мавҷуд аст, ки ба гуфтаи бархе аз сарчашмаҳои хабарӣ дастаи “Астон Вилла” бо роҳбарии Стивен Ҷеррард Суаресро ба ҳайат ҷалб карданианд. 
Онҳо якҷоя дар “Ливерпул” бозӣ мекарданд. Суарес боварӣ дорад, ки вай сарфи назар аз синну солаш дар чунин чемпионати пурқуввате ба мисли Премйер-Лига бозӣ карда метавонад.
Суарес дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 25 бозӣ анҷом дода, ба задани 8 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив