LIVE

Суарес рекорди Мессиро шикаст

Ҳамлагари 33-солаи тими миллии Уругвай Луис Суарес, ки дар даври 1-уми бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳонии соли 2022 дар минтақаи  Амрикои Ҷанубӣ бар муқобили тими миллии Чили ҳунарнамоӣ карда, ба задани гол даст ёфт. Ин зарабаи ҳадафраси ӯ дастоварди назаррас маҳсуб меёбад. 
Луис Суарес голи 22-юми худро зад ва дар таърихи сабқати бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон дар қитъаи Амрикои Ҷанубӣ, аз ҳамлагари мунтахаби Аргентина Лионел Месси, ки 21 гол дорад, пеш гузашт.
Месси ва Суарес аз соли 2014 то 2020 дар “Барселона” якҷоя бозӣ карданд. Ҳамлагари 33-солаи Уругвай дар равзанаи трансферӣ ба “Атлетико”-и Мадрид гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив