LIVE

“Ливерпул” мехоҳад Луис Суаресро дар “Энфилд” бубинад

“Ливерпул” метавонад ҳамлагари Уругвай Луис Суаресро, ки дар “Атлетико”-и Мадрид бозӣ мекунад, тобистони соли оянда ба “Энфилд” баргардонад, дар ин бора сомонаи  Goal хабар додааст. Ҳамлагари мисрии “Ливерпул” - Муҳаммад Салоҳ эҳтимол дорад дар равзанаи навбатии гузаришҳо бозигари “Реал Мадрид” ё “ПСЖ” шавад.
Дар сурати рафтани Салоҳ барои “Ливерпул”  ҳамлагари нав лозим мешавад, ки  Суаресро дигарбора ба ҳайати хеш ҷалб созад. Футболбози мазкур дар солҳои 2011 ва 2014 дар "Энфилд" бозӣ кардааст. Суарес дар мавсими имсола дар ҳайати "Атлетико" 32 бозӣ карда, 19 гол ва 2 партофти головар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив