LIVE

Салоҳ беҳтарин футболбоз дар Африқо эълон шуд

Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) рейтинги беҳтарин футболбозони даҳсолаи Африқоро нашр кард. 
Мақоми аввалро ҳамлагари “Ливерпул” ва тими миллии Миср Муҳаммад Салоҳ ба даст овард. Дар ҷои дуюм ҳамдастаи ӯ аз “Ливерпул” ва мунтахаби Сенегал Садио Мане қарор гирифт. Нимҳимоятгари “Манчестер Сити” - Риёд Маҳрез ва тими миллии Алҷазоир дар зинаи сеюм қарор гирифт. 
Ёдовар мешавем, ки Салоҳ аз соли 2017 дар дастаи “Ливерпул” бозӣ мекунад. Форварди мисрӣ дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Ливерпул” дар Премйер Лигаи Англия 21 бозӣ карда, 15 гол, 3 партофти головар анҷом додааст. Шартномаи ҷории футболбоз бо “Ливерпул” то тобистони соли 2023 амал мекунад. Аз соли 2011 Салоҳ ба тими миллии Миср даъват мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив