LIVE

Беҳтарин футболбози Африқо маълум шуд

Ҳамлагари бошгоҳи «Ливерпул»  ва мунтахаби Сенегал  -  Садио Мане беҳтарин футболбози Африқо дар соли 2019 дониста шуд. 
Дар даври ниҳоӣ Мане аз ҳамдастаи хеш Муҳаммад Салоҳ ва бозигари алҷазоирии тими «Манчестер Сити» Риод Маҳрез  овози бештар гирифта, унвони беҳтарин футболбози қораи Африқоро дар соли гузашта ба даст овард. Садио Мане бо мунтахаби Сенегал то ба даври ниҳоии Ҷоми миллатҳои Африқо баромада, бо «Ливерпул»  ғолиби Лигаи Чемпионҳо гардид. Дар Чемпионати Англия зинаи дуюмро ишғол кард. Дар мавсими ҷорӣ Мане дар ПЛА 19 бозӣ анҷом дода, ба задани 11 гол ва 6 партофти головар даст ёфтааст.
Муҳофизатгари бошгоҳи «Реал» Ашраф Ҳакимӣ, ки дар дастаи «Боруссию Дортмунд» ба таври иҷора бозӣ мекунад, беҳтарин футболбози ҷавони қораи Африқо дар соли 2019 гардид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив