LIVE

Се бозингари ПЛА - муддаиёни асосии беҳтарин футболбози сол дар Африқо

Конфедератсияи футболи Африқо се муддаии асосии футболбози солро эълон кард.

Ба рӯйхат ҳамлагарони «Ливерпул» Садио Мане (Сенегал) ва Муҳаммад Салоҳ (Египет) инчунин ҳимоятгари «Манчестер Сити» Рияд Марез (Алжир) шомил шуданд.

  • Дар мавсими гузашта Мане ва Салоҳ дар ҳайтаи «Ливерпул» ғолиби Лигаи Чемпионҳо шуданд.
  • Марез бошад, бо «Ман Сити» қаҳрамони Англия шуда, инчунин Ҷоми Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст овардааст.
Соли гузашта Салоҳ ба гирифтани ҷоизаи мазкур комёб гардида буд.
Маросими ҷоизасупорӣ 7-уми январи соли 2020 баргузор мешавад.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив