LIVE

Сенегал ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Африқо роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби Сенегал дар даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Африқо-2019 бо тими миллии Уганда рақобат кард. Бозии тимҳо ҷолибу пуршиддат сурат гирифта, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди яккачини Сенегал хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро форварди бошгоҳи “Ливерпул” - Садио Мане муаллифӣ намуда, мунтахабашро ба даври ¼ ниҳоӣ бурд. Сенегал дар даври ¼ ниҳоӣ бо мунтахаби Бенин рақобат мекунад. 
Ҷоми Африқо-2019
Даври 1/8 ниҳоӣ
Уганда – Сенегал – 0:1 (0:1)
Гол: Мане, 15.
Уганда: Онянго, Ҷуко, Валусимби, Мугаби, Мия, Аучо (Катерегга, 77), Вассва (Авани, 18), Азира, Окви, Кадду (Кямбадде, 57), Абду.
Сенегал: Гомис, Гассама, Кулибали, Сабали, Севе (Диатта, 69), Куяте, Гей, Б.Н`Диай, Нянг (Диан, 85), Мане, Сарр (Балде, 81).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив