LIVE

Боз як тан аз бозигари "Ливерпул" бемор шуд

Ассотсиатсияи футболи Миср хабар дод, ки ҳамлагари дастаи “Ливерпул” - Муҳаммад Салоҳ дубора аз ташхиси коронавирус гузаронида шуд ва сироят ёфтани футболбози мазкур тасдиқ карда шуд. Қаблан хабар паҳн шуд, ки ташхиси аввал Муҳаммад Салоҳ натиҷаи мусбат дода буд. Ассотсиатсияи футболи Миср тасмим гирифт, ки ташхиси дуввумро барои тасдиқи масъала гузаронад. 
Бо вуҷуди ошкор шудани беморӣ дар органзим, ситораи футболи Миср табъи болида дорад; Муҳаммад ягон нишонаҳои ин бемориро эҳсос намекунад. Барои футболбоз ҳуҷраи махсуси бознишинӣ дар танҳоӣ ва як ҳуҷраи дигар барои назорати тиббӣ омода карда шудааст. Духтури тими миллии Миср дар ҳамкорӣ бо табиби “Ливерпул” барои табобати футболбоз  чораҳо меандешанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив