LIVE

Гар дасти фитодае бигири мардӣ...

Муҳаммад Салоҳ, футболбози дастаи «Ливерпул» барои барқарор кардани Институти таҳқиқоти саратон дар Қоҳира хайрия кардааст. Маблағи умумии хайрия 3 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар пойтахти Миср шаҳри Қоҳира бар асари бархӯрди ду мошин таркиш ба амал омадааст. Фоҷиа 16 нафарро кушта, 21 нафари дигарро захмдор кардааст. Ҳамчунин, дар натиҷаи таркиши мошинҳо бинои Институти таҳқиқи саратон низ осеби ҷиддӣ дидааст ва футболбоз мехоҳад он дар муддати кӯтоҳ таъмир ва барқарор карда шавад. Муҳаммад Салоҳ футболбози машҳури мисрӣ мебошад, ки аз соли 2017 инҷониб дар дастаи «Ливерпул»-и Англия ба ҳайси ҳуҷумкунанда бозӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив