LIVE

Муҳаммад Салоҳро фош карданд

Ҳамлагари “Ливерпул”  Муҳаммад Салоҳ, ба дӯстонаш иқрор омад, ки хоҳиши ба бошгоҳи “Реал Мадрид” гузаштанро дорад.  Дар ин бора рӯзноманигор Экрем Конур дар твиттери худ хабар додааст. Бино ба иттилои манбаъ,  мерсисайдҳо пешниҳоди хубтарро  барои фурӯши бозигари мисрӣ интихоб мекунанд. Инчунин бо Салоҳ   тимҳои  “Пари Сен-Жермен” ва “Манчестер Сити” хоҳони бастани шартномаро доранд. Муҳаммад Салоҳ аз соли 2017 инҷониб дар дастаи "Ливерпул" бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ бозигари мазкур дар тамоми мусобиқаҳо дар ҳайати “Ливерпул”  21 вохӯрӣ гузаронида,  16 гол ва 4 партофти головар анҷом додааст.   

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив