LIVE

"Барселона" рафтани Луис Суаресро тасдиқ кард

“Барселона” дар бораи гузариши ҳамлагари уругвайӣ  Луис Суарес ба  “Атлетико” хабар дод.  Дастаи шаҳри Мадрид барои ин гузариш  ба "Барселона" 6 млн евро имтиёзпулӣ медиҳад. Ёдовар мешавем, ки Суарес имкон дошт, то узви “Ювентус” шавад. Аммо баъдтар Луис музокиротро бо клуби шаҳри  Турин қатъ кард ва ахиран эълон шуд, ки гузариш ба амал нахоҳад омад. Суарес аз соли 2014 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар мавсими солҳои 2019/2020  ҳамлагари 33-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 36 бозӣ гузаронида, 21 гол ва 10 партофти головар анҷом додааст. Аз соли 2010 инҷониб ба ҳайати мунтахаби  Уругвай  даъват мегардад.  Шартномаи Суарес бо "Барселона" то тобистони соли 2021 дар назар буд. Вале шартномаи ҳамкориро қабл аз муҳлат бекор карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив