LIVE

Сегонаи "Барса" - Месси, Суарес ва Неймар куллан пароканда шуд

Собиқ сегонаи хати ҳамлаи  “Барселона” - Лионел Месси, Луис Суарес ва Неймар ҳангоми ҳунарнамоӣ дар як даста  ба пуррагӣ пароканда шуд. Дар ин бора Squawka Football навиштааст.
Ҳамлагарон дар ҳамаи мусобиқаҳо ба задани 364 гол даст ёфтаанд. Ҳамлагари аргентинӣ дар байни ин футболбозон беҳтарин нишондод дорад - 153 гол ва 66 партофти головар дар се мавсим аз соли 2014 то 2017. Баъд аз Месси Луис Суарес бо 121 гол ва 59 партофти головар қарор гирифтааст.  Неймар бо 90 гол ва 48 партофти головар зинаи сеюмро касб мекунад. 
Ёдовар мешавем, ки “Барселона” расман дар бораи гузариши ҳамлагари 33-солаи уругвайӣ Луис Суарес ба “Атлетико” хабар дод. Аз ин рӯ, мо метавонем гуфта, ки сегонаи хати ҳуҷум MSN комилан пароканда шуд.
Неймар аз солҳои 2013 то 2017 дар “Барселона” буд. Бо нилунориҳо ӯ ду маротиба қаҳрамони Испания шуда, се маротиба Ҷоми кишварро ба даст овард. Ҳамчунин  ғолиби Лигаи чемпионҳо ва чандин мусобиқоти дигар шуд.  Пас аз чор соли бозӣ дар даста  ӯ ба “ПСЖ” бо маблағи рекордии 222 миллион евро гузашт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив