LIVE

Мадрид барои истиқболи Суарес омодагӣ мебинад

“Атлетико” бо “Барселона” дар бораи гузариши ҳамлагари мунтахаби Уругвай Луис Суарес розӣ шуд. Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз 22 сентябр ҷонибҳо мулоқот барпо карданд, ки дар ҷараёни он ҳамаи ҷузъиёти созиш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Гуфта мешавад, ки дар ояндаи наздик Суарес бозигари клуби шаҳри Мадрид хоҳад шуд.
Ёдовар мешавем, ки Суарес имкон дошт, то узви “Ювентус” шавад. Аммо баъдтар Луис музокиротро бо клуби шаҳри  Турин қатъ кард ва ахиран эълон шуд, ки гузариш ба амал нахоҳад омад. Бар ивази Суарес “Ювентус” Алваро Моратаро аз “Атлетико” ба иҷора гирифт. 
Суарес аз соли 2014 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар мавсими солҳои 2019/2020, форварди 33-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 36 бозӣ гузаронида, 21 гол ва 10 партофти головар анҷом додааст. Шартномаи футболбоз бо “Барселона” то тобистони соли 2021 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив