LIVE

“Ювентус” барои Суарес “Барселона”-ро қадрдонӣ мекунад

“Ювентус” гуфтушунидро дар бораи ба даст овардани ҳамлагари “Барселона”- Луис Суарес идома медиҳад. Агар ҳамлагари уругвайӣ шартномаро бо нилунориҳо бекор карда, ба тими “Ювентус”  бозигари озод равад, пас каталониҳоро ҳамтоёни туриниашон бо мукофоти махсус қадрдонӣ мекунанд. Ҷониби “Ювентус” ин иқдоми худро дар хуб будани ҳамкориҳои ҳарду ҷониб маънидод кардаанд.  Агар Суарес дар Италия муваффақ шавад, пас  дастаи собиқаш аз ин ҳисоб низ маблағ ба даст меорад. Қаблан гуфта мешуд, ки “Пари Сен-Жермен” ва “Аякс” низ ба хидмати Луис мароқ зоҳир кардаанд, аммо “Ювентус” дар мубориза барои ин бозигар пеш гузашт. Суарес аз соли 2014 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар мавсими гузашта, ҳамлагари 33-сола дар ҳамаи мусобиқаҳо 36 бозӣ гузаронида, 21 гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив