LIVE

Суарес ва Роналду ҳамдаста мешаванд?

Ҳамлагари «Барселона»-Луис Суарес дастаашро тарк мекунад. «Ювентус» бо ин ҳамлагари 33 сола шартнома бастан мехоҳад. Клуби итолёвӣ омодааст, ки ба футболбози уругваӣ ба муҳлати ду сол ҳамкориро ба роҳ монад ва наздик ба 3 миллион евро маош диҳад.  Ба ҳунари Суарес дастаи «Аякс» низ мароқ зоҳир кардааст.
 Тавре гуфта мешавад, бошгоҳи каталонӣ ба форварди худ огоҳ намудааст, ки қарордодро тамдид намекунад ва барои худ дастаи нав пайдо кунад.  
Суарес аз соли  2014 дар «Барселона» бозӣ мекунад. Ӯ бо 195 голи задааш ба мақоми сеюми беҳтарин нишонзанҳои даста баромадааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив