LIVE

Луис Суарес аз гузариш ба “Ювентус” даст кашид

Ҳамлагари Уругвайи “Барселона” - Луис Суарес музокиротро бо “Ювентус” дар бораи гузаришаш қатъ кард, хабар медиҳад Sport.es.
Тибқи иттилои манбаъ, Суарес ба дар ин муомилот  шубҳа пайдо кардааст, зеро ӯ дарк мекунад, ки ин эҳтимолан охирин дастаи ӯ дар ваъолияти варзишиаш мегардад.  Ҳамлагар пеш аз қабули қарори ниҳоӣ ҳамаи паҳлуҳои ин гузаришро мавриди таҳлил карор додан мехоҳад. 
Сармураббии нави “Барселона” Роналд Киман бо як занги телефонӣ ба футболбоз фаҳмонидааст, ки  дар мавсими оянда ба ӯ умед надорад. Довталаб барои ҷалби футболбоз “Ювентус” мебошад. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки ҷонибҳо дар мавриди шартномаи тарафайн ба мувофиқа расидаанд.. Инчунин Суарес  дастаи  “Атлетико” низ таваҷҷуҳ дорад.
Луис Суарес аз соли 2014 дар дастаи "Барселона" бозӣ мекунад. Дар мавсими 2019/2020 форварди уругвайӣ дар ҳамаи мусобиқаҳо дар сатҳи клубҳо дар 36 бозӣ ширкат варзида, 21 гол зада, 10 партофти головар анҷом додааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив