LIVE

“Барселона” бо Суарес хайрухуш кард

Гузариши ҳамлагари “Барселона” - Луис Суарес ба дастаи “Ювентус” ба нуқтаи ниҳоии худ расид. Клуби туринӣ ва футболбоз дар мавриди шартномаи байни худӣ ба мувофиқа расиданд.
“Ювентус” ба Луис Суарес шартномаи се сола бо маоши 10 млн евро дар як сол пешниҳод кардааст.  
Тавре гуфта мешавад, ҳамлагари 33 сола  дар “Барселона” 15 млн € маош мегирад, аммо «Ювентус» иқрор шудааст, ки барои пардохти чунин маблағ омода нест ва ба Суарес  30 млн € дар се сол пешниҳод кардааст. 
Дар мавсими гузашта, ҳамлагар дар ҳайати “Барселона” 36 бозӣ гузаронида, ба задани 21 гол ва 10 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив