LIVE

Салоҳ баъди голаш ба дарвозаи "Уотфорд" Луис Суаресро гузашт

Дар дидори навбатии "Ливерпул" бо "Уотфорд", ки дар "Энфилд" сурат гирифт, (2:0) Муҳаммад Салоҳ муаллифи ду гол шуд. Ҳамлагари дастаи "Ливерпул" дар дидори даври 17-уми ПЛА муқобили "Уотфорд" голи 9-умашро дар мавсими имсолаи мусобиқа ба самар расонид. Барои футболбози 27-солаи мисрӣ ҳамакнун ин 84-юмин гол дар ҳама мусобиқаҳо будааст. Ҳамин тавр ӯ ҳамлагари cобиқи ин даста ва футболбози кунунии "Барселона" Луис Суаресро, ки 82-гол задааст, пеш гузашт. Ғайр аз ин Салоҳ нисбат ба футболбози уругвайи 7  бози камтар анҷом додааст.  


20 нишонзани беҳтарин дар таърихи «Ливерпул»

1. Ян Раш — 346 гол
2. Роҷер Хант — 285
3. Гордон Ходҷсон — 241
4. Билли Лидделл — 228
5. Стивен Ҷеррард — 186
6. Робби Фаулер — 183
7. Кенни Далглиш — 172
8. Майкл Оуэн — 158
9. Харри Чамберс — 151
10. Сэм Рейбоулд — 130
11. Ҷек Паркинсон — 128
12. Дик Форшоу — 123
13. Йен Ст. Ҷон — 118
14. Ҷек Балмер — 110
15. Ҷон Барнс — 108
16. Кевин Киган — 100
17. Ҷон Тошак — 96
18. Моҳаммад Салоҳ — 84
19. Алберт Стаббинс — 83
20. Луис Суарес — 82.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив