LIVE

Мане аз Суарес пеш гузашт

Бозии марказии даври 20-уми Премйер Лигаи Англия байни “Тоттенхэм” ва “Ливерпул” дар Лондон баргузор шуд. Вохӯрӣ бо пирӯзии сурхпӯшон бо ҳисоби 3:1 хотима ёфт. Яке аз голҳои “Ливерпул”-ро ҳамлагар Садио Мане зад. Ин тӯби 70-умини Мане дар  Примйер Лига буд. Мувофиқи ин нишондиҳанда, ӯ аз собиқ ҳамлагари клуб Луис Суарес, ки 69 гол дорад, пеш гузашт. Ҳамлагари сенегалӣ дар феҳристи беҳтарин голзанҳои “Ливерпул” ба мақоми панҷум баромад. Робби Фаулер бо 128 голи задааш дар  Премйер Лига мақоми аввалро ишғол мекунад. Стивен Ҷеррард (120), Майкл Оуэн (118) ва Муҳаммад Салоҳ (87) гол қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив