LIVE

Бозгашти дигарбораи Балотелли ба Англия

Ҳамлагари 31-солаи дастаи «Адана Демирспор»-и Туркия Марио Балотелли метавонад ба чемпионати Англия баргардад. 
Дастаи "Нюкасл" ба ин ҳамлагари итолёвӣ таваҷҷуҳ доранд.  
«Дирӯз сармоягузорони арабӣ барои Балотелли ба мо пешниҳод карданд. Мо рад кардем. Мо гуфтем, ки онро намефурӯшем" гуфтааст, президенти дастаи туркӣ Мурат Санчак. 
Балотелли бо ин даста то соли 2024 шартнома бастааст ва ҳамлагар аз соли 2021 инҷониб шарафи ин клубро ҳимоя мекунад.
Балотелли дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Адана Демирспор” дар тамоми мусобиқаҳо 20 бозӣ анҷом дода, ба задани 8 гол ва 4 партофти головар даст ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Балотелли дар Премйер Лигаи Англия дар дастаҳои ба мисли “Ливерпул” ва “Манчестер Сити” бозӣ мекард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив