LIVE

Балотеллиро ба қароргоҳи “Брешиа” роҳ надоданд

Собиқ ҳамлагари тими “Брешиа” - Марио Балотелли натавонист ба тамринҳои  ин даста роҳ ёбад. Ин ҳамлагари 29 сола барои анҷоми тамрин мақсади дохили қароргоҳ шудан дошт, аммо намояндагони тим ба ӯ чунин иҷозаро надоданд. Қаблан роҳбарияти даста бо ҳамлагари итолёвӣ қарордодро барои ҳозир нашудан ба тамринҳо лағв карда буд. Аммо Балотелли  қатъи қарордодро бо “Брешиа”-ро рад кард. Худи Марио бошад, иқрор шудааст, ки сабаби ҳозир нашуданаш ба тамринҳо ин беморӣ  буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив