LIVE

"ПСЖ" Неймари бечораро ҷарима кард

Роҳбарияти бошгоҳи «Пари Сен-Жермен» ситораи бразилии даста Неймарро барои ҳозир нашуданаш ба тамринҳои пеш аз оғози мавсим, ба маблағи 375 ҳазор евро ҷарима намудааст. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии UOL, бояд Неймар то рӯзи 9-уми июл ба пойгоҳи тамринии “ПСЖ” ҳозир мешуд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар муҳлати муайян ҳозир нашуд. Сарчашмаҳои парижӣ дар такия бо маҷаллаҳои испанӣ менависанд, ки гӯё Неймар пинҳонӣ бо “Барселона” қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Вале ин гуфтаҳо ҳанӯз ҳам расмӣ нестанд. Баъди ин қадар овозаҳо падари Неймар гуфтааст, ки мо ҳоло дар Бразилия қарор дорем ва рӯзи 15-уми июл бо ҳамроҳи писарам ба қароргоҳи “ПСЖ” ҳозир хоҳем шуд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Неймар дигар ба “ПСЖ” баргаштан намехоҳад ва мақсад дорад, ки дубора ба сафи каталониҳо пайваст шавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив