LIVE

Ромелу Лукаку метавонад фаъолияти худро дар «Милан» идома диҳад

Ҳамлагари «Челси» Ромелу Лукаку метавонад фаъолияти худро дар Серияи А Италия идома диҳад. Ба ин футболбози 28-сола дастаи «Милан» таваҷҷӯҳ дорад.
Ба иттилои манбаъ, милланиҳо интизор доранд, ки лондониҳо ба далели бозии ғайри қаноатбахши ӯ дар мавсими имсола нархи ин бозигарро поин мебаранд. Қайд карда мешавад, ки варианти иҷораи футболбози тими миллии Белгия низ имконпазир аст.
Лукаку аз моҳи августи соли 2021 дар ҳайати «Челси» бозӣ мекунад ва аз «Интер» ба ивази 113 миллион евро гузашт. Шартномаи бозигар бо бошгоҳ то 30 июни соли 2026 амал мекунад. Transfermarkt нархи ӯро 85 миллион евро эълон кардааст.
Ҳамлагари белгиягӣ дар мавсими ҷорӣ дар ПЛА 21 бозӣ анҷом дода, ба задани 5 гол ва 1 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив