LIVE

Мушкилтарин тасмими “Интер” дар бораи Лукаку

Агар дар давоми равзанаи трансферии тобистона пешниҳоди мусоид сурат гирад, дар ин ҳолат “Интер” маҷбур аст аз ҳамлагари худ Ромелу Лукаку ҷудо шавад. Клуби шаҳри Милан мехоҳад ҳамлагари 27-соларо дар ҳайати даста нигоҳ дорад, аммо вазъи душвори молиявӣ клубро маҷбур мекунад, ки бо чанд бозигар, аз ҷумла Лукаку ҷудо шавад. Бино хабарҳо “Интер” Лукакуро 120 миллион евро нархгузорӣ кардааст. Ҳамлагари белгиягӣ аз соли 2019 дар "Интер" бозӣ мекунад, ӯ аз "Манчестер Юнайтед" бо маблағи 80 миллион евро гузариш карда буд. Шартномаи Лукаку бо клуби миланиҳо то соли 2024 ба инобат гирифта шудааст. Дар мавсими ҷорӣ футболбоз дар 34 бозӣ 25 гол зада, ҳафт партофт кардааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив