LIVE

Лукаку хоҳиши бозгашт ба Манчестерро надорад

Ромелу Лукаку ҳамлагари “Интер” клуби итолёвиро тарк карданӣ нест. Бино ба иттилои манбаъ, “Манчестер Сити” ба форварди мунтахаби Белгия таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Сармураббии шаҳрищо Хосеп Гвардиола Лукакуро ҳамчун таквияти комил дар хати ҳуҷуми дастаи худ мешуморад. Қайд карда мешавад, ки худи нишонзан чунин мешуморад, ки таҳти роҳбарии мураббии “Интер” - Антонио Конте ба сатҳи нав баромад ва аз дастаи миланӣ рафтанӣ нест.  Лукаку аз соли 2019 дар дастаи "Интер" бозӣ мекунад. Дар мавсими ҷорӣ футболбози 27-солаи белгиягӣ дар 25 бозии Серияи А ширкат варзида, 18 гол зада, 8 партофти головар анҷом додааст. “Интер” дар 26 бозӣ 62 имтиёз ба даст овард ва дар ҷадвали Серияи А-и Италия ҷои 1-умро ишғол мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив